- чаппа
- [چپه]1. дар ҳолати акс воқеъ шудани чизе, сараш поён ва пояш боло воқеъ шудани чизе; вожгун хобидан, афтидан, воқеъ шудани чизе; муқоб роста; чаппа гузоштан рӯ ба поин гузоштан2. вожгун, баръакс3. рӯгардон; чаппа кардан, зеру рӯ кардан; чаппа шудан вожгун шудан, сар ба поин афтидан; чаппаю посгуна (поскуна) шудан рӯгардон шудан, тамоман зеру рӯ шудан; чаппаю роста кардан ба ҳам омехтан, дарҳаму барҳам кардан, рӯгардон кардан; рӯ чаппа кардан рӯй гардондан (тофтан); ҷома(пӯстин)ро чаппа пӯшидан барқасд кор кардан, ба коре (чизе) муносибати акс нишон додан (бо ҳисси хашм, ғазаб ва ғ.)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.